РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо ширкатҳои чинӣ ҳамкориро тақвият медиҳад

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбари Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон Танг Ҷинг вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ роҳбари Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёди ширкатҳои чиниро ба ин донишгоҳ баён намуда, гуфт, ки палата омода аст сармояҳои ширкатҳоро ба фаъолияти донишгоҳ зиёд намояд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба фаъолияти самараноки тарафайн сухан гуфта, барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Роҳбари Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки омода аст ба донишгоҳ барои баланд бардоштани сифати таҳсили донишҷӯён таҷҳизоти техникӣ, синфхонаҳои лингафонӣ ва дигар лавозимот фароҳам оварад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram