РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Алмато иштирок намуд

Тоҷикистон дар рейтинги давлатҳое, ки аз лиҳози газҳои парникӣ партови хеле кам ихроҷ мекунанд, дар ҷои 130 қарор дорад, аммо ҳамчун ҷумҳурие, ки 93 фоизашро кӯҳҳо иҳота кардаанд, ба тағйирёбии иқлим мамлакати осебпазир маҳсуб мешавад. Ин нукта аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси шашуми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар доираи Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳишдиҳии оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB) дар шаҳри Алмато баргузор гардид, баён шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар конфронси минтақавӣ роҳбари Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Зафар Маҳмудов иброз намуд, ки конфронси ниҳоӣ дар доираи барномаи CAMP4ASB доир гардида, дар он 500 нафар мутахассисон, коршиносон, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз 5 давлати Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар конфронси минтақавӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Мавлодод дар панели мавзуӣ оид ба «Амбитсияҳои минтақавию миллӣ ва ҳалли роҳҳо дар соҳаи муҳити зист» маъруза намуд.

Таъкид гардид, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ хуб дарк мекунанд, ки ноилшавӣ ба иқлими устувор танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва дар якҷоягӣ баҳисобгирии муҳимтарин манфиатҳои фаромарзӣ ба даст меояд. Масъалаҳои мавҷуда дар соҳаи коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим аз мо амалигардонии саъю талошҳои дастҷамъона тақозо менамояд.

Инчунин дар доираи конфронси шашуми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии обуҳавошиносӣ дар панелҳои мавзуӣ маъруза намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram