РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи илму маориф тақвият медиҳанд

30-юми майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар шаҳри Душанбе Аймурод Кочмурадов баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Зимни мулоқот вазири маориф ва илм меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, ҷиҳати рушд ва таҳкими ҳамкориҳои судманд байни кишварҳо дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд гардид, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаи маориф ва илм дар асоси “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф” аз 4 октябри соли 2007 асос ёфтааст.

Имрӯз, рушди ҳамкориҳои таълимӣ байни кишварҳои мо на танҳо ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои эҳтиёҷоти бозори меҳнат, балки ба тавсеаи корҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар ниҳоят бояд ба табодули дастовардҳои пешрафтаи илмӣ, технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф, тавсеаи табодули забон ва таҷрибаомӯзии илмии мутахассисон мусоидат кунанд, равона карда шудааст.

Дар навбати худ Аймурод Кочмурадов изҳор дошт, ки таҳкими равобити дуҷониба дар самти маориф, махсусан, зинаи таҳсилоти олии касбӣ аз ҳадафҳои асосии ба шумор меравад. Ин имкон медиҳад, ки табодули донишҷӯён, таҳсили онҳо дар кишварҳои ҳамсоя ба таври густурда ба роҳ монда шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳадаф аз вохӯрии мазкур омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо ва таҳкими муносибатҳои неки кишварҳо мебошад. Умед аст, ки вохӯрӣ ба самтҳои илм, таълим ва инноватсия такони нав бахшида, марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Туркманистон мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram