5 июни соли 2024 дар шаҳри Брюссел муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин дар ҷаласаи Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои амнияти минтақа, мубориза бар зидди терроризму ифратгароӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.