РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар конференсияи байналмилалӣ ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Париж маҷаллаи «Пайванд» рӯнамоӣ шуд

Дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва саҳми ӯ дар густариши фарҳанги ҷаҳон», ки ба бузургдошти яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (1207-1273) бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар қалби Аврупо-шаҳри Париж идома дорад, маҷаллаи «Пайванд» рӯнамоӣ шуд. Дар ин хусус аз Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» хабар доданд.

Дар ҷараёни конференсия муовини Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Камол Файзуллоев шумораи 56-уми маҷаллаи «Пайванд»-ро, ки ба шахсияти ин мутафаккири машҳури ҷаҳонӣ бахшида шудааст, муаррифӣ намуд. Маълум аст, ки фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ зодаи Вахшонзамини Тоҷикистон буда, бо осори назмию насрии дилпазир ва бахусус бо «Маснавии маънавӣ»-и хеш ба дили миллионҳо хонандагон роҳ ёфтааст.

Шумораи махсуси маҷаллаи «Пайванд» бо мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҷалолиддини Балхӣ-пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо» оғоз шуда, зери назари раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Н.Насимов ва сардабирии Равшан Раҳмонӣ ба забони тоҷикӣ ва хати форсӣ ба нашр расидааст.

Дар мақолаи Президенти Тоҷикистон доир ба ин мутафаккири бузург, аз ҷумла гуфта шудааст: “Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо наз­ми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза- чӣ пиру чӣ ҷавон, чӣ марду чӣ зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Як сабаби асосии ба эҷодиёти мутафаккир рӯ овардани мардуми зиёде дар кишвар­ҳои гуногуни олам ба он алоқаманд аст, ки ӯ аксарияти масъалаҳои ҳаётан муҳимро воқеъбинона тафсир кардааст. Ин воқеъбинӣ дар қолаби ирфонӣ инъикос ёфта бошад ҳам, на танҳо бо ҷаҳонбинии аҳли тасаввуф ва тафаккури шахсии ин марди донишманд, балки бо тарзи ҳаёт ва ша­роити таърихию иҷтимоие, ки мутафаккир дар он тарбия ёфтааст, сахт алоқамандӣ дорад. Ин аст, ки андешаҳои зиёди ирфонии Мавлоно то кунун ҳам аҳаммияти худро гум накардаанд ва аксарияти он дархури ниёзмандӣ ва эҳтиёҷоти фикрию ахлоқии ҷаҳони муосир мебошанд”.

Баъдан таҳти унвони «Мавлоно дар шеъри шоирони тоҷик» шеърҳои шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Рустам Ваҳҳобзода дар ситоиш ва пайравии Мавлонои Балхӣ чоп шудаанд.

Барои дӯстдорони Мавлоно, ки дар ин ҳамоиши байналмилалии ЮНЕСКО иштирок доранд, мақолаҳои донишмандон М. Маҳмадҷонова “Ҷанбаҳои ҳастишиносии фалсафаи инсонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ”, М.Мирзоюнус “Мавлавӣ ва шеъри имрӯзи Тоҷикистон”, М.Солеҳов “Арзиши шарҳи худӣ дар “Маснавии маънавӣ”, Ш.Шокирзода “Мавлонои Балхӣ – рӯшангари роҳи фардои башар”, С. Кашрӯдӣ “Назаре ба осори Ҷалолиддини Балхӣ”, О.Бухориев “Шарҳи мухтасари ду ривоят аз “Маснавии маънавӣ”, Ҳ.Султон “Ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ дар ашъори Мавлоно”, А.Ҳасанзода “Вожаҳои сохтаи ғайримунтазира дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Балхӣ”, Н.Насим “Вожаи булбул дар «Маснавии маънавӣ” ва фолклори Сари Хосор”, Р.Раҳмонӣ “Вожаи «афсона» дар «Маснавии маънавӣ» ҷолиб мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram