РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои миллии рушд

10.06.2024, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Шӯро, хонумҳо ва ҷанобон!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои миллии рушд масъалаи ҷараёни татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи рушди кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳоло мехостам андешаҳои худро марбут ба ин масъала баён намоям.

Тавре дар оғози ҷаласа зикр гардид, дар давоми ҳашт соли татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти тақвияти низоми идоракунии давлатӣ, рушди неруи инсонӣ, таъмини сифати рушди иқтисоди миллӣ ва суботи молиявӣ як қатор ислоҳоти зарурӣ гузаронида шуд.

Ҳамчунин, мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рушди инноватсионии бахши воқеии иқтисодиёт ва саноатикунонии бусуръати кишвар аз ҷумлаи иқдомоти давраи зикршуда мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, дар оғози марҳалаи дуюми татбиқи стратегия, бо дарназардошти тамоюлҳои муосири иқтисоди ҷаҳонӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат муайян гардиданд.

Дар ин давра, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, муноқишаи байни давлатҳо, таҳриму низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим мо ба ҳадафҳои давраи миёнамуҳлат ноил гардидем.

Ин кор ба мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ муяссар гардид

Дастовардҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.

Аммо дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон моро ҳанӯз қонеъ карда наметавонанд ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар шароити таҳаввулоти идомадошта захираву неруҳои иловагиро тақозо менамояд.

Зеро таъмини минбаъдаи рушди устувори кишвар ва тобовар намудани иқтисоди миллӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза, пеш аз ҳама, муттаҳид намудани иқтидору захираҳои мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот тақозо менамояд.

Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат ба татбиқи барномаи нав бо Хазинаи Байналмилалии Асъор зери унвони «Воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат» оғоз намуд.

Дар баробари ин, мо мусоидати Бонки Умумиҷаҳониро ҷиҳати тасдиқи барномаи ислоҳоти навбатии «Амалиёти сиёсии рушд» хоҳонем.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштараки ислоҳот бо дигар шарикони рушд низ корбарӣ намуда истодааст.

Мо ҳавасманди пешниҳоди маблағҳои грантӣ аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот ва буҷети давлат мебошем.

Дар ин самт зарур аст, ки ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳо бо шарикони рушд ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳо аз рӯи афзалиятҳо ба роҳ монда, механизми мукаммали он ҷорӣ карда шавад.

Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала бо шарикони рушд корбарӣ намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тоҷикистон ҳоло дар марҳалаи дуюми татбиқи стратегия қарор дорад.

Арзёбии пешакии раванди татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021 – 2025 бо мақсади пайгирӣ ва муайян кардани сатҳи ноилшавӣ ба ҳадафу вазифаҳои гузошташуда, ошкор намудани камбудиҳо ва омӯхтани сабақҳо ҷиҳати ба эътибор гирифтани онҳо дар марҳалаи минбаъдаи рушд муҳим мебошад.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ ва тағйирёбии иқлим, дар кишвар дар самти беҳтар гардидани амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд.

Дар давраи татбиқи стратегия, бо вуҷуди пандемияи коронавирус, соҳаи кишоварзӣ сарчашмаи асосии рушди иқтисодии кишвар боқӣ монда, суръати рушди миёнасолонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,5 фоизро ташкил дод ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 2 баробар зиёд гардид.

Дар баробари тадбирҳои назарраси ислоҳоти соҳавӣ дар кишвар ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалталаб дар рушди инфрасохтори обёрӣ, беҳтар намудани таъминоти моддиву техникии соҳаи кишоварзӣ ва низоми устувори озуқаворӣ боқӣ мемонанд.

Илова бар ин, ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушди мамлакати мо, бахусус, ба соҳаи кишоварзӣ пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ таъсири манфӣ расонида истодаанд.

Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор аст, аз офатҳои табиӣ хеле осебпазир мебошад.

Соли гузашта, дар маҷмӯъ, зиёда аз панҷсаду панҷоҳ офати табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ва ярчу тармафароӣ дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷа 51 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисоди миллӣ хисороти зиёди молӣ ва моддӣ (қариб 100 миллион сомонӣ) ворид гардид.

Дар фасли баҳори соли 2024 низ боришоти пайдарпай ба хоҷагиҳои хонаводагӣ ва кишоварзӣ хисороти зиёд ба бор оварданд.

Тирамоҳу зимистони гузашта, баръакс, хеле камбориш омад.

Ин ҳолат боиси коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа гардид, ки беш аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд.

Аз ин лиҳоз, бо эҳтимоли зиёд, соли ҷорӣ низ моро камобиву хушксолӣ дар пеш аст.

Дар баробари ин, ҳамасола бо сабабҳои таъсири омилҳои экологию хоҷагидорӣ заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мемонанд.

Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад.

Чунин ҳолат боиси сарбории иловагӣ ба буҷети давлат мегардад.

Ҳамасола бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, барқарорсозии чарогоҳҳо ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд, аммо ин маблағҳо кофӣ нестанд.

Бинобар ин, зарур мешуморам, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои устувори пешгирӣ аз пайомадҳои манфии офатҳои табиӣ, ислоҳоти соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти замин механизмҳои нави маблағгузорӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд.

Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016 – 2025, инчунин, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023 – 2037-ро қабул намудааст, ки барои бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ равона карда шудааст.

Ҳукумати кишвар вазифадор аст, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзиро тибқи стратегияву барномаҳои қабулгардида идома дода, барои то соли 2037 ба кишвари «сабз» табдил додани Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро андешад.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар самти баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рақамикунонии соҳа ва истифодаи «зеҳни сунъӣ» тадбирҳои дахлдор андешида, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ татбиқ карда шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҷиҳати наздик шудан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати кишвар дар давраи татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушд ва амалӣ намудани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор барои давраи то соли 2030 низоми боэътимоди ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шуда, Барномаи кумаки мақсадноки иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидааст.

Феҳристи ягонаи миллии иттилоотии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюб дар кишвар ташкил ёфта, барои дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ дар ҳафт соли охир қариб 22 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар ин радиф, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди кишвар 2827 муассисаи тиббӣ сохта шуда, ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.

Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Танҳо дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст.

Васеъ гардидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ба фарогирии пурраи аҳолии мақсаднок бо ваксинаҳои ба барномаҳои миллӣ дохилшуда, кам шудани шумораи гирифторони бақайдгирифташудаи бемории сил ба 26 фоиз ва шумораи сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба 19,5 фоиз мусоидат намуд.

Дар натиҷа тайи солҳои 2015 – 2022 фавти модарон 70 фоиз ва кӯдакон 36 фоиз коҳиш ёфта, дарозумрии миёнаи аҳолӣ то 76,3 сол боло рафт.

Дар ин давра суръати афзоиши солонаи аҳолӣ 2,3 фоизро ташкил намуда, аҳолии Тоҷикистон аз 8,5 миллион ба беш аз 10 миллион нафар расид, яъне нисбат ба соли 2015 қариб 20 фоиз зиёд гардид.

Вобаста ба ин, зарурати бунёди муассисаҳои нави иҷтимоӣ, бахусус, иншооти таълимию тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба миён омадаст, ки сарбориро ба буҷети давлатӣ зиёд намуда истодааст.

Тибқи Стратегияи миллии рушд баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 фоизи соли 2015 то 50 фоиз дар соли 2030 пешбинӣ гардида, Ҳукумати мамлакат дар ҳафт соли минбаъда ҷиҳати то 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ вазифадор гардидааст.

Вобаста ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии омор супориш дода мешавад, ки:

– якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд методологияи муайян намудани сатҳи табақаи миёнаи аҳолиро, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси кишвар, таҳия карда, дар нимаи дуюми соли 2024 барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд;

– то охири соли 2024 якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Платформаи миллии пайгирии Ҳадафҳои рушди устуворро ба тариқи мустақим ба роҳ монанд.

Муҳтарам аъзои Шӯрои миллии рушд!

Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5-уми мо оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ум ва 21-уми март ҳамчун рӯзи Байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.

Чунонки зикр намудам, Тоҷикистон манбаи беш аз 60 фоизи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ буда, дар кишвар 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад.

Илова бар ин, Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ буда, ҳоло танҳо 5 – 6 фоизи онҳо истифода мегардад.

Баҳрабардории васеъ аз ин захираҳо барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Ин дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон медиҳад, ки омили муҳимми паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Ҳоло Тоҷикистон аз рӯи истифодаи «энергияи сабз» дар ҷаҳон мавқеи шашумро ишғол мекунад.

Бо бунёд ва пурра ба фаъолият оғоз намудани неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷаҳон ба зинаи чорум мебарояд.

Ҳамкории мо бо шарикони рушд дар бахши гидроэнергетика фаъол буда, он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ ҷиҳати идораи самараноки захираҳои об ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ дар минтақа аҳаммияти калон дорад.

Вобаста ба ин, мехоҳам миннатдории мардуми Тоҷикистонро ба Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои иқдомҳои амалӣ ҷиҳати дарёфти маблағгузорӣ ва анҷом додани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» баён намоям.

Татбиқи саривақтии лоиҳаи «Роғун» имкон медиҳад, ки соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвари мо аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне «энергияи сабз» 100 фоиз таъмин карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, истифодаи васеи сарчашмаҳои алтернативии барқароршавандаи неруи барқ, пеш аз ҳама, неруи офтобӣ, бахусус, дар минтақаҳои деҳот ва кӯҳистони кишвар ба дастрасии пурраи аҳолӣ ба неруи барқ, баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, ҳифзи муҳити зист, инчунин, роҳандозии технологияҳои муосири «сабз» ва ташкили истеҳсолоти илмталаб мусоидат менамояд.

Ҳукумати кишварро зарур аст, ки ҷиҳати идомаи ислоҳоти соҳа, татбиқи лоиҳаҳои бунёди иқтидорҳои нави истеҳсол ва интиқоли неруи барқи «сабз», таҷдиди иқтидорҳои амалкунанда, ҷорӣ намудани низоми биллингии ҳисоби истеъмоли неруи барқ ва ба ин васила кам кардани талафоти он тадбирҳои муассир андешад.

Ҳамчунин, васеъ намудани миқёси насби панелҳои офтобӣ дар иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус, дар деҳот ва роҳандозии технологияҳои офтобӣ дар шабакаҳои гармидиҳӣ низ муҳим мебошад.

Вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии зикршуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Гарчанде ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз оғози татбиқи Стратегияи миллии рушд то имрӯз 1,6 баробар зиёд шудааст, вале ин ҳанӯз кофӣ нест.

Зеро барои татбиқи стратегияи мазкур 118 миллиард доллар пешбинӣ гардидааст.

Барои чорабиниҳои марҳалаи якуми он 125 миллиард сомонӣ зарур буд, ки он ҳамагӣ 72 фоиз маблағгузорӣ шудааст.

Вазъи маблағгузории чорабиниҳои марҳалаи дуюми он низ беҳбудиро тақозо менамояд.

Тибқи таҳлилҳо эҳтиёҷоти молиявӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ барои давраи солҳои 2021 – 2030 беш аз 90 миллиард доллар муайян шудааст, ки ҳиссаи буҷети давлатӣ ва шарикони рушд дар он 53,7 фоизро (49,7 миллиард доллар) ташкил медиҳад.

Ҳиссаи боқимонда ба бахши хусусӣ рост меояд.

Чунин ҳолат моро водор менамояд, ки ҳамкориро дар самти ҷалби маблағҳои иловагӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тақвият бахшем.

Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ва иҷрои чорабиниҳои Стратегияи миллии рушд ҳамкориро бо шарикони рушд густариш дода, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хусусии дохиливу хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳарчанд ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барнома ва нақшаҳои кории Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023 – 2026 бо маблағгузории 368 миллион доллар тасдиқ гардидааст, вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза кифоя нест.

Дар баробари ин, танҳо 36 фоизи сарчашмаҳои маблағгузории барномаи мазкур муайян мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масъалаи дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузории раванди милликунонӣ ва маҳалликунонии Ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон бори дигар баррасӣ карда шавад.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар марҳалаи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2021 – 2025 дар ҳошияи Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор дар заминаи фарогирӣ бо риояи принсипи «Касеро дар канор нагузоштан» афзалиятҳои рушди минбаъдаи кишвар таҷдиди назар карда шуданд.

Дар давраи минбаъда рушди сармояи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бахши иҷтимоӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва тавсеаи шуғли пурмаҳсул, рушди «иқтисоди сабз» ва иқтисоди рақамӣ ҳамчун ҳадафу афзалиятҳои рушди иқтисоди кишвар муайян гардидаанд.

Бо вуҷуди тадбирҳои анҷомдодаи Ҳукумати мамлакат ва воридоти сармояи хориҷӣ ҷиҳати кам кардани сарбории иловагӣ ба буҷети давлат афзоиш додани ҳаҷми маблағгузориҳо барои татбиқи афзалиятҳои кишвар ва Ҳадафҳои рушди устувор зарур арзёбӣ мегардад.

Вобаста ба ин, бори дигар аз шарикони рушди кишвар даъват ба амал меорем, ки бо Ҳукумати мамлакат ҷиҳати сафарбар ва ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои амалисозии пурраву самараноки стратегия ва барномаи миёнамуҳлати рушд ҳамкорӣ ва мусоидати бештар намоянд.

Итминони комил дорам, ки бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ чун ҳамеша ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, захира ва иқтидорҳои худро ҷиҳати татбиқи босифати ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон сафарбар месозанд.

Бовар дорам, ки дар раванди амалисозии минбаъдаи стратегия ва барномаҳои миёнамуҳлати рушд нақши шарикони рушд назаррас хоҳад буд.

Ба ҳар яки шумо барори кору сарбаландӣ орзу менамоям!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram