РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъоварии ғалла идома дорад

13 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти ҷамъоварии ҳосили гандум дар шинос гардид. Дар ин бор аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии «Абдуллобобо» ва «Яккатут» боздид намуда, бо кишоварзон суҳбат анҷом дод. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар хоҷагии деҳқонии «Абдуллобобо» дар масоҳати 5 гектар гандум кишт шуда буд ва деҳқонон 55 сентнерӣ ҳосил гирифта истодаанд. Дар хоҷагии деҳқонии «Яккатут» 20 гектар гандум кишт шудааст.

Кишоварзон дар суҳбат бо роҳбари вилоят таъкид доштанд, ки дар заминҳои холишуда кишти такрориро ба роҳ мемонанд. Барои рӯёнидани ҳосили дуюм дар заминҳои дараваш анҷомёфта сабзавоту макка, хӯроки чорво кишт карда хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 3300 гектар гандум кишт шудааст, ки аксари хоҷагиҳо аллакай ҳосилро ҷамъоварӣ кардаанд.

Раиси вилоят барои истифодаи самараноки замин ва гузаронидани кишти такрории зироатҳо ба роҳбарияти ноҳия ва деҳқонон супоришҳо дода, илова намуд, ки ҳар порча замин пурсамар истифода гардад.

Дар идомаи боздид роҳбари вилоят дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия вазъи истифодаи заминро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Таъкид карда шуд, ки кишоварзони ноҳия таҷрибаи калон дошта, дар як соли ду-маротиба ҳосил мегиранд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки дар сурати истифодаи самараноки замин метавон ҳосили фаровон ба даст оварда, беш аз пеш дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм гузошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram