РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Форуми байналмилалии байниҳизбии аъзои давлатҳои БРИКС доир гардид

Бо дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор хамроҳи гуруҳи корӣ, аъзои КИМ ҲХДТ Холиқзода Абдураҳим ва роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия Мирзомиддинов Саидбек дар Форуми байналмилалии байниҳизбии аъзои давлатҳои БРИКС ва давлатҳои ҳамкор дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия дар таърихи 16 -19 июн иштирок доранд. Дар ин бора ах ҲХДТ хабар доданд.

Нахуст дар ҷаласаи пленарӣ Азизӣ Абдуҷаббор муовини якуми Раиси ҲХДТ дар мавзуи «Соҳибихтиёрӣ миллӣ зарурат ба ҳимоя аз таҳдидҳои колониалиро дорад» баромад намуданд. Мавсуф, зарурати ҳимояи дастаҷамъонаи соҳибихтиёрии давлатӣ ва миллиро аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ва муқовиматҳои сиёсии замони нав таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқи миллатҳо ба соҳибистиқлолӣ, худмуайянкунӣ ва муносибати озодонаю баробар бо ҳар яки онҳо дар низоми байналмилалӣ иброз доштанд.

Сипас, дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ҳаракати «Форуми ҷонибдорони муқовимат бо амалиёти муосири неоколониалистӣ — «барои озодии миллатҳо» Азизӣ Абдуҷаббор дар ҳузури роҳбарони аҳзоби сиёсии давлатҳои иштирокчии форуми мазкур маъруза карданд. Мавсуф нисбат ба зуҳури амалиётҳои колониалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуда, иштирокчиёни форум ва аъзои Кумитаи доимии онро, бо фикру андешаҳои мушаххас, ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъона дар роҳи эҳтироми ҳаққи табии халқу миллатҳо ба худмуайянкунии сиёсӣ ва иқтисодӣ даъват намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмили «Тартиби кори Кумитаи доимии ҳаракат» фаъолона ширкат варзида, таклифу пешиноҳодхои судманд ироа доштанд.

Ҳамзамон, зимни сафари гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия вохӯрии корӣ низ бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Ҷумҳурии халқии Куба ва Ҷумҳурии Белорус, баргузор гардида, дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба густариш додани ҳамкориҳои ҳизбӣ корҳои муайяни ташкилӣ ва тарғиботиро анҷом доданд.

Дар ин радиф вохӯрии Азизӣ Абдуҷаббор бо Раиси Ҳизби Умумироссиягӣ (Единая Россия) Медведев Д.А. ва мудири шуъбаи байналмилалии КИМ Партияи Коммунистии Ҷумҳурии Халқии Чин ЛЮ Тсянчао ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ ба манфиати тарафҳо судманд баргузор шуд. Роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст (Россия ва Чин) паёми гарму ҷушон ва миннатдории худро ба Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек ҷиҳати ҳамкориҳои оянда иброз намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram