Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода ҷаласаи умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғози ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозирин ба иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат, истифодаи пурраи имконияти табиӣ ва афзоиши истеҳсоли «энергияи сабз» аз ҳисоби захираҳои мавҷуда ҷалб карда шуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи солона оид ба фаъолияти истеҳсолию молиявӣ ва тафтишотии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2023 шунида шуда, хулосаи аудиторӣ пешниҳод гардид.
Тавре аз таҳлилҳо бар меояд, соли 2023 дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» кор аз рӯи нақша ҷараён гирифта, дар самти иҷрои нишондодҳои нақшавӣ натиҷаҳои зарурӣ ба даст омадаанд. Айни замон бунёди иншооти муҳими аср ба таври шабонарӯзи идома дорад.
Инчунин ҷиҳати зиёд намудани сармояи оинномавӣ, ворид кардани тағйирот дар бораи оиннома ва низомномаи мудирияти истифодабарии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» хулосаҳои зарурӣ қабул карда шуд.
Аъзои нави Шурои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳайати 13 нафар, аъзои комиссияи тафтишотӣ, аъзои нави комиссияи баҳисобгирӣ, интихоб ва аудитори Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷаласаи умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар маҷмуъ 10 масъала баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.