РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи навбатии Шурои машваратии роҳбарони хадамотҳои консулии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

19 июн дар шаҳри Москва ҷаласаи XXXI Шурои машваратии роҳбарони хадамотҳои консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, хабар доданд аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия.

Дар нишасти мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба ҳайси нозир Озарбойҷон ва Туркманистон низ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷонибҳо дар доираи Конвенсияи Вена дар бораи робитаҳои консулӣ аз 18 апрели соли 1963 ва Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар масъалаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002 ва конвенсияҳои дуҷонибаи консулӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз натиҷаи нишаст Пртоколи ҷаласаи XXXI-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамотҳои консулии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram