Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо ҳокими вилояти Балкани Туркманистон Хоҷамират Аширмиратов мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба рушди ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишварзӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Туркманистон муҳим арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 4 апрели соли равон сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он дар баробари дигар имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ба имзо расид.