РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Остона густариши робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд

21 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти густариши робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон шарикони стратегӣ буда, муносибатҳои байни ду кишвар ба эътимоду боварӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ асос ёфтааст.

Дар рафти мулоқот аз ҳолати кунунии муносибатҳои ду кишвар дар ҳама соҳаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҷиҳати таҳкими бештари робитаҳо, бахусус, муколамаи байнипарламентӣ ҳавасмандии ҷонибҳо иброз гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram