РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати мудофиа маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ натиҷагирӣ шуд

Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар самти даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд, хабар доданд аз Вазорати мудофиа.

Зимни натиҷагирӣ нисбат ба кормандони масъули комиссариатҳои ҳарбие, ки дар ташкили ин чорабинии муҳими сиёсӣ бемасъулиятӣ зоҳир намуданду ба камбудиҳо роҳ доданд, чораҳои интизомӣ татбиқ гардид.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва сардорони чанде аз раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ дар назди иштирокчиён гузориш дода, зимни он пешравию камбудиҳои ҷойдоштаро дар даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, амалан татбиқ намудану тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, бартараф намудани ҳама мушкилоти мавҷуда дар фаъолияти масъулини вобастаи ин соҳаро муҳокима ва мавриди натиҷагирӣ қарор доданд.

Таъкид шуд, ки ҳайати шахсии комиссариатҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар навбати аввал тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро пурра бартараф намуда, ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва аҳли ҷомеа боз ҳам вусъат бахшанд. Инчунин дар ҳамоҳангӣ бо сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, нуқтаҳои идоракуниро дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз намуда, тарзи бақайдгирии шаҳрвандонро дуруст ба роҳ монанд ва рӯйхати қувваҳои эҳтиётиро тартиб дода, шумораи захираҳои сафарбарӣ ва теъдоди техникаҳои хоҷагии халқро мушаххасан аниқ намоянд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати мудофиаи мамлакат иштирокчиёни ҷаласаро бобати иҷрои саривақтии тамоми супоришҳо, омодагӣ ба ҷашни 30–солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ҷашни Ваҳдати миллӣ, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва баҳри таҷлил аз дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мушаххасан вазифадор намуд.

Дар охири ҷаласа комиссарони ҳарбие, ки дар даъвати баҳории соли равон нақшаи ба онҳо пешбинигардидаро дар доираи талабот ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонида буданд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон нисбат ба комиссариатҳои ҳарбие, ки дар ташкили ин чорабинии муҳими сиёсӣ бемасъулиятӣ зоҳир намудаву баръакс ба камбудиҳо роҳ дода буданд, чораҳои интизомиро татбиқ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram