РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд

27 июни соли равон, соати 19:00 дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

25 июн,   соати 18:00 дар «Боғи Рӯдакӣ», соати 17:00 дар боғи «Куруши Кабир» ва соати 18:00 дар боғи «Кӯли ҷавонон»  барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар чор ноҳияҳои  пойтахт низ чунин барномаҳои фарҳангӣ доир карда шуданд.

Имрӯз, 26 июн дар боғҳои  чор ноҳияи  пойтахт барномаҳои фарҳангӣ –фароғатӣ  баргузор карда мешаванд.

Инчунин дар тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиш, мизи мудаввар ва машваратҳо доир ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир мегарданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ ва намоишҳои ҷолибу диданӣ барои сокинон  пешниҳод мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне 27 июн бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил мешавад. Зеро расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмуъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram