РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид. Ба ис­тиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷу­мҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сохтмону барқарорсозии иншооти гуногун идома дорад.

Бинои таъл­имӣ барои курсантони факултаи чоруми Ака­демияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд яке аз чунин иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад

Ин­шоот аз шаш ошёна иб­орат аст ва дорои 17 синфхона, ошхонаву хобгоҳ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Бо мавриди истифода қарор гирифт­ани бино ба­рои таълиму тарбияи курсантон шароити му­соид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Зимни шиносоӣ бо кор­ҳои сохтмонии Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо маблағгузории Мақ­омоти иҷроияи ҳокими­яти давлатии вилояти Суғд ва​ дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳ­орати олии вилояти Суғд бунёд гардида,​ дар маҷмаа дар​ як вақт то 1000 варзишгар ба машқу тамрин ма­шғул шуда метавонанд­.​

Маҷмааи варзишии “Су­ғд Арена” дорои толо­рҳои варзишии бокс, гўштингирӣ, гимнасти­каи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо буда, бунёди толор­ҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст.​

Раиси вилоят инчунин сохтмони госпитали ҳарбиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram