РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд

Имрӯз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид. Дар ин хусус аз  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкории пурмаҳсулу судмандро ба роҳ монда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу мамлакатамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз аз шумораи умумии санадҳои ҳамкории дуҷониба 9-тои он тавассути парлумонҳои ҳар ду давлат тасдиқ гардидааст ва пешниҳод гардид, ки вобаста ба талаботи замони муосир амалигардонии онҳо бозбинӣ ва тақвият дода шаванд.

Иброз гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли Ассамблеяи парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дафтари кории он дар шаҳри Исломобод ҷойгир аст мебошад. Дар робита ба ин намояндагони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои доимии Ассамблея иштирок намуда, доир ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо мавқеи худро баён менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram