РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши барҷаста мебозад»

Имрӯз дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳамкории Тоҷикистонро  бо  Созмони Милали Муттаҳид  намунавӣ арзёбӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Антониу Гутерриш таъкид намуд, ки Тоҷикистон иқдомҳоеро пеш гирифтааст, ки хеле назаррас мебошанд.

«Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад, — гуфт Антониу Гутерриш. — Мо ҳаргиз он иқтидор, неру ва фаъолияти бевоситаи Тоҷикистонро ҷиҳати дар тамоми дунё баррасӣ намудани масъалаи об фаромӯш намекунем».

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки бо ташаббуси шумо мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро амалӣ менамоем.

Антониу Гутерриш ҳамчунин эъломияи аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал қабулгардидаро ҳуҷҷати муҳим номида, иброз дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид хостори татбиқи натиҷаҳои конфронс бо Тоҷикистон аст.

Ёдовар мешавем, ки 10-13 июни соли 2024 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои конфронс Эъломияи Душанбе қабул карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram