Давоми даҳ соли охир ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб шудааст, ки 1,5 миллиард доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигори Агентии иттилоотии «Синхуа» иброз доштанд.
«Сармоягузориҳои Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, энергетика, нақлиёт, металлургия ва кишоварзӣ пайваста афзоиш меёбанд. Онҳо инчунин ба таъсиси паркҳои саноатӣ ва корхонаҳои муштарак нигаронида шудаанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон дар ин бахшҳо беш аз 500 лоиҳа бо иштироки Чин татбиқ шуда, инчунин беш аз 700 корхонаи муштарак бо сармоягузории Чин фаъолият доранд», — тазаккур доданд Пешвои миллат зимни мусоҳиба.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар дурнамои дарозмуддат ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистону Чин, аз ҷумла сайёҳӣ, корҳои иктишофии геологӣ, содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба иқтисоди «сабз» ва «рақамӣ», зеҳни сунъӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз «технологияҳои сабз» мавриди таваҷҷуҳи ҳарду кишвар мебошад.