РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Си Ҷинпин дар бораи равобити Чин ва Тоҷикистон: «Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар кумак мерасонем»

«Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар кумак мерасонем. Дар давраи пандемияи «COVID-19» мо паҳлӯи ҳам истода, ба вируси даҳшатнок муқовимат намудем ва якҷо ин мушкилиро паси сар кардем. Пешниҳоди тарафайни молҳои зиддиэпидемӣ, ба Тоҷикистон омадани гурӯҳи табибон ва мутахассисони Чин барои расонидани кумак дар мубориза бо пандемия, имконият доданд, ки пеши роҳи коронавирус гирифта шавад», — чунин  иброз доштааст дар мақолаи худ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.

Ӯ тазаккур дод, ки ба шарофати гуфтугӯи фаврӣ ва ҳалли мушкилоти пешомада кори мунтазами гузаргоҳи Қаросу-Кулма таъмин гардид ва чун шоҳраги пайвасткунандаи Чин ва Тоҷикистон дар шароити пандемия якзайл фаъол буд.

«Мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории зич ва ҳамдигарфаҳмӣ дорем, ташаббусҳои якдигарро фаъолона дастгирӣ мекунем, низоми марказии байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид ва тартиботи ҷаҳонии ба ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфта ва меъёрҳои муносибатҳои байналмилалиро дар асоси талаботи Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид  қатъиян дастгирӣ менамоем», — изҳор намуд Си Ҷинпин.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram