РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони вилояти Суғд мулоқот кард

5 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо намояндагони ҷомеа ва фаъолони вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Мулоқот дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки сокинони вилояти Суғд дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон меҳнат намуда истодаанд.

Сипас, Прокурори генералӣ сухан гуфта, вазъи кунунии риояи ҳуқуқу тартибот, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷиноятсодиркуниву хурофотпарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро таҳлил намуд.

Таъкид гардид, ки санаи 9-уми март мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа, ходимони дин ва санаи 30-уми май бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардида, дар он вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, пешгирии зиёдаравии аҳолӣ дар барпо намудани ҷашну маросим, муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна хурофотпарастӣ ва шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ин раванд ду қонунии асосии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» дар таҳрири нав қабул гардид. Ин тадбири муҳим масъулияти аҳли ҷомеаи кишварро дар таълим ва саводноккунии насли ояндасози миллат боз ҳам бештар намуд.

Дар вазъияти мураккабу зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар сафи аввал қарор дошта бошанд. Бо ин мақсад бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни аҳолӣ ва мулоқоту вохӯрӣ бо фаъолон ҳадафмандона сурат гирад.

Пешрафт ва шукуфоии ҳар як давлату миллат аз амну суботи ҷомеа, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, сулҳу суботи комил ва якпорчагиву муттаҳидӣ маншаъ гирифта, барои ин аҳли ҷомеа бояд ҳамеша баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат омода бошад.

Дар рафти мулоқот Прокурори генералӣ бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ба ҳозирин дастур ва пешниҳод намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии шаҳрвандон дар Соли маърифати ҳуқуқ машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шавад.

Ҳамзамон назорати қатъӣ ва доимии донишандӯзии хонандагон аз ҷониби омӯзгорону волидон, маҳдуд намудани тамошои ҳаргуна филмҳои тарғибкунандаи фаҳшу зӯроварӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойи доимии корӣ, ҷалби ҳарчи бештари фаъолони ҷомеъа ва ходимони дин барои кор бо аҳолӣ, пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, мубориза бар зидди таълимоти ғайриқонунии динӣ, боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

Дар идомаи мулоқот чанде аз фаъолон, намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баромад намуда, ҳамовозии худро бахри ободу шукуфоии ин меҳан баён доштанд. Таъкид гардид, ки кулли сокинони шарафманди вилояти Суғд аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеъа ва ходимони дин руҳу илҳоми тоза гирифта, ҳамарӯза баҳри ободии диёр ва пойдории амну суботи ҷомеъа заҳмат мекашанд.

Шумораи зиёди сокинон ҳавасмандии худро барои анҷоми корҳои созандагӣ баён медоранд ва тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд, ки намунаи олии татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар маҳалҳо ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷоми мулоқот бори дигар таъкид гардид, ки минбаъд низ фаъолон баҳри таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram