РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Бадахшон таҳти унвони «Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир пешгирӣ ва тавонбахшӣ» ҳамоиши илмӣ доир гардид

5 июли соли равон бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илми- амалӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир пешгирӣ ва тавонбахшӣ» дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М Назаршоев бо иштироки муовини раиси вилоят Абдулназарзода Абдулназар, намояндаи маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Махрамбек Анварбекович ва намояндаи барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаьолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини вилоят баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст, муовини раиси вилоят меҳмонон ва намояндагонро ба вилоят хайрмакдам гуфта, қайд намуданд, ки раванди сиёсикунонии дини ислом асосан аз пайдоиши он зуҳур карда, феълан марҳила ба марҳила он дар сатҳи камолот ва рушд қарор дорад. Имрӯз ин падида як воситаи хеле муносиб ва мусоид барои расидан ба ҳадафҳо дар кишварҳои пешрафта, аз ҷониби гуруҳҳои манфиатдори хориҷиву дохилии ҳар кишвар мавриди тадқиқ, таҳлил ва корбурд қарор гирифта истодааст.

Пиёдасозони ин раванд одатан низоми давлатдории демократӣ, дунявиро монеи рушди фазои динӣ ва озодии виҷдон меноманд.

Дар кишвари мо, Тоҷикистон дар солҳои нахустини ба дастоварии Истиқлолият ҷараёни сиёсисозии ислом мавриди роҳандозӣ қарор гирифт. Гуруҳҳои тундраве арзи вуҷуд намуданд, ки бо далели он ки 95,3 фоизи аҳолӣ мусулмонанд ва он бояд давлати исломӣ бошад, ба арсаи сиёсат дохил гардиданд. Ин қувваҳо миёни мардум корбарӣ намуда, ҷонибдории худро аз арзишҳои демократӣ ва ҳамзамон озодии виҷдон эълон намуданд. Ба қавли муҳаққиқи варзидаи сиёсатшиносӣ А. Малашенка онҳо як гуруҳ “исломгароёни мутамаддин” буданд .

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа он рузҳоро ёдовар шуда, қайд намуданд, ки “Дар охири асри ХХ баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон боз ҳам рӯҳониёни ифротгарову бегонапараст бо мақсади гирифтани ҳокимият ва расидан ба қудрат кӯшиш карданд, ки бо шиорҳои исломӣ давлати ҷавони тоҷиконро несту нобуд карда, бо роҳи ба сари мардум бор кардани фарҳанги бегона миллатро бори дигар тобеи дигарон намоянд.”

Баьд аз суханронии муовини раиси вилоят дигар намояндагони фаьоли чомеа баромад ва суханрони намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram