РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд

Дар толори Гимназияи √1- шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода маросими қадрдонии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан аз хабар доданд.

Нахуст раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода суханронӣ намуда, аз саҳми босазо ва ибтикори созандаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва баргузории як қатор озмунҳо ёдовар гардид.

Бояд қайд кард, ки дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз руи 6 номинатсия дар умум 1939 нафар иштирок намуда, 106 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бошад аз рӯи 7 номинатсия 702 нафар иштирок намуда, 127 нафар ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд.

Дар охир аз тарафи раиси шаҳр ба ҳамаи ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram