РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ доир гардид

10-уми июли соли 2024 дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат!” баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода дар суханронии худ аз ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ёдовар гардида, зикр дошт, ки бо иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду босавод имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ карда шудааст. Яке аз чунин иқдомҳо таъсиси стипендияҳои Президентӣ барои донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад, ки теъдоди онҳо 3000 ададро ташкил медиҳад. 

Дар идомаи ҳамоиш ба гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2023-2024 стипендия (идрорпулӣ) тақдим карда шуд. 

Ҳамзамон, дар фарҷоми ҳамоиш гирандагони стипендияи Президентӣ миннатдории самимонаи хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои муаззами миллат хоҳанд буд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram