9 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори иҷроияи шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира» Аҳмад бин Солим ал-Ёфиъӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат сафир доир ба таърих, урфу одатҳои миллӣ, унсурҳои таҳаммулпазири қадимаи халқи тоҷик, фазо ва низоми сармоягузорию имконияти нодири сайёҳии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Дар ин замина инъикоси мавзеъҳои нодири сайёҳии Тоҷикистон дар ин шабакаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.