РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» сазовори ҷойҳои намоён гардиданд

Аз 3 то 11 июли соли 2024 дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» аз фанни физика баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар (ҳама аз шаҳри Душанбе) иштирок намуданд. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» олимпиадаи сатҳи баланд буда, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийски-Югра ва Донишкадаи физика ва технологияи Маскав (МФТИ) баргузор карда мешавад.

Дар олимпиадаи мазкур намояндагон аз 23 кишвари олам иштирок намуданд.

Дар ин сабқати байналмилалӣ хонандагони тоҷик маҳорати хуб нишон дода, ба гирифтани 2 ҷойи III ноил гардиданд.

Ин дастоварди беназири хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рақобатпазир будани низоми маорифи миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram