РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар минтақаи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ чорабинии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» -2024» баргузор гардид

Дар минтақаи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ бо иштироки аъзоёни ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии 11 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва 2 шаҳри Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии «Мубодилаи таълимӣ ва амалии намояндагони «Нозирони сабз» — 2024» серӯза баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят ва дар доираи лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об, ки аз ҷониби Консорсиуми Ҳелветас (ACTED) бо дастгирии молиявии ташкилоти SDC амалӣ карда мешавад, ташкил карда шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

♻️ Мутобиқи барнома барои иштирокчиён саёҳат ба шаршара ва моркӯл, дарсҳои амалӣ оид ба пайдо намудани маҳорати сохтани хаймаҳо (палатка) ва рафтори дурусти сайёҳӣ ташкил гардида, ҳамчунин ҷавонон бо сохтани макети ҳавзаи дарёи Сир, ки онҳоро муттаҳид мекард, машғул шудаанд. Дар баробари ин, аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» дониши экологии худро доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар бозии интеллектуалии «Чӣ? Дар куҷо? Кай?» нишон дода, инчунин дарсҳои иттилоотӣ ва амалӣ аз ҷониби намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» гузаронида шуд.

♻️ Ҳамзамон, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х., директори Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят Соҳибназаров З., намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Истиқболи Авлод» Шамсиддинов О. ва директори Ташкилоти ҷамъиятии «Тараққиёт» Мадалиева Ф. аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони ACTED (Тоҷикистон) Мирбозхонова Н. ва Абдурозиқова Ш. бо баромадҳои худ, пешниҳоди маълумот, маслиҳатҳои муфид ва тавсияҳои марбут ба намояндагони «Нозирони сабз», чорабиниро боз ҳам хотирмон гардонидаанд.

♻️ Лоиҳаи минтақавии мазкур дар доираи «Форуми дуюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир», ки дар аввали фасли тирамоҳ бо иштироки боз ҳам бештари аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» баргузор мегардад, гузаронида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram