РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Ҷумҳурии Чехия аз Осорхонаи миллӣ боздид намуданд

Ҳайати бонуфузи 80 нафараи намояндагони ҷамъияти легионерҳои Чехословакия, Вазорати мудофиа ва таърихшиносони Ҷумҳурии Чехия зери роҳбарии муовини Раиси Палатаи вакилони парлумон ҷаноби Ян Бартошек, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллӣ дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбаладони муассиса ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ аз ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Ҳамин тариқ, муовини Раиси Палатаи вакилони парлумон ҷаноби Ян Бартошек аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram