РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

22 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

22 июл дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Вазорати фарҳанг нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати 09:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (ошёнаи 3) баргузор мешавад.

Дар Кумитаи телевизион ва радио нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 11:00 баргузор мегардад.

Дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ соати 14:00 (кӯчаи Беҳзод, 25 назди МД «Тоҷикфилм») доир мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram