19 июли соли ҷорӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳайати шоирону нависандагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.
Нахуст, раиси вилоят меҳмононро ба Бадахшон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки маҳз бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи рушди бесобиқаи иқтисодию иҷтимоии худ ворид гардида, симои зоҳирии шаҳру ноҳияҳои он рӯз то рӯз куллан дигаргун шуда истодааст.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз сохтмонҳои азим, аз ҷумла сохтмони роҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, НБО-и «Себзор», бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дигар инфрасохтори муосир ёдоварӣ карда, онро намунаи олии таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Дар навбати худ аҳли адаби кишвар аз дастовардҳои фарҳангию иқтисодии вилоят изҳори хушнудӣ намуданд ва иброз доштанд, ки ҳамаи онро бо шеъру асарҳои баландмазмун дар шакли китоб пешкаш менамоянд.