21 июли соли 2024 мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусулмон Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қардоғӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, эҳтироми расму оинҳои миллию фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.