РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд

Дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо иштироки мушовири байналмилалии Бонки Осиёии рушд Георгий Лалиашвилӣ, инчунин роҳбарони ташкилотҳои бонкӣ ва суғуртавӣ чорабинӣ ҷиҳати муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба интишор ва муомилоти коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин беҳтар намудани шароити хариду хизматрасонии онҳо дар бозорҳои молиявӣ баррасӣ гардиданд.

Юсуф Маҷидӣ вобаста ба барориши қаблии коғазҳои қиматноки давлатӣ маълумот пешниҳод намуда, аҳамияти ҳамкории фаъолонаро бо бонкҳо ва ташкилотҳои суғуртавӣ бо мақсади дастгирии суботи бозори молиявӣ ва таъмини фаъолияти самараноки низоми молияи давлатӣ таъкид намуд.

Аз ҷониби мушовири байналмилалии Бонки Осиёии рушд  рӯнамо дар мавзуи самаранокии сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки Вазорати молия ва инчунин тавсияҳои Бонки Осиёии рушд вобаста ба ҳавасмандгардонии минбаъдаи бозор ва афзоиши шумораи иштирокчиёну сармоягузорон пешниҳод гардид.

Дар интиҳо иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳо барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мубодилаи афкор намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram