РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

25 июл ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи 22˗юми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа прокурорҳои генералии Қирғизистон (мизбон), Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия, Узбекистон ва Озарбойҷон иштирок намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо вобаста ба нақшу вазифаҳои прокуратура дар самти истифодабарии технологияҳои муосир дар фаъолияти прокурорӣ ва таҷрибаи пешқадам дар ин самт мубодилаи афкор намуданд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар мавзуи «Нақши прокуратура дар шароити ҷаҳони муосир ва асри рақамикунонӣ: Таҷрибаи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои нав ва таъмини ҳуқуқи инсон» сухан гуфта, таҷрибаи пешқадами мақомоти ҳифзи ҳуқуки ҷумҳуриро дар мубориза бар зидди терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ иброз намуд.

Дар фарҷом аз ҷониби прокурорҳои генералӣ протоколи ҷаласаи 22˗юми Прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram