РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм тақвият медиҳанд

Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар ин самтҳо дар мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо ҳайти Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии узви Кумитаи доимӣ, муовини раиси Комиссия оид ба корҳои миллӣ ва динии Шурои машваратии сиёсии Чин, муовини раиси ҷамъияти Чин оид ба таҳқиқи ҳуқуқи инсон Тсзян Тсзинго дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд тарафҳо саъю талош менамоянд.

Вазири адлияи мамлакат ба меҳмонон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, гуфт, ки ҳадаф аз эълон гардидани ин сол баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, таҳкими ниҳоди ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмини волоияти қонун мебошад.

Дар мулоқот баҳри тақвияти минбаъдаи кори муштарак оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, зуҳуроти тундгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, ҳамчунин дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ изҳори омодагӣ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram