РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон тавассути сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо робитаҳои хуби иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ доранд, иброз гардид 30 июл зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов. Дар ин хусус аз  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар ҳарду мамлакат бо ҷалби сармояи муштарак даҳҳо корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, равобити иқтисодӣ густариш меёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд ва зарфияту имконияти мавҷуда маълумот дода, барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои боғпарварӣ, кирмакпарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, ташкили гармхонаҳои инноватсионӣ изҳори назар намуд.

Бояд гуфт, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон соли 2023 тухмии гандум ва дигар зироат ба Тоҷикистон ворид гардид, ки кишоварзони вилоят аз он ҳосили хуб ба даст оварданд.

Ҷонибҳо амалӣ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи илмро мувофиқи мақсад дониста, ташкили машғулияту даврҳои бозомӯзиро ба манфиати тарафайн арзёбӣ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram