РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили

Имрӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили дар робита ба 30-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ, Президенти муҳтарами Гурҷистон,

Лутфан табрикоти самимии инҷонибро ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири робитаҳои кишварҳои мо – 30-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон қабул фармоед.

Мардумони моро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ  ба ҳам мепайванданд.

Тӯли се даҳсолаи сипаришуда ба кишварҳои мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ густариш дода, таҳким бахшанд.

Мо дорои таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дар заминаи сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба мебошем. Дар чорчӯби СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамдигарро пайваста дастгирӣ менамоем.

Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Гурҷистон минбаъд ҳам рушд ёфта, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мазмуну муҳтавои нави амалиро касб хоҳанд кард. 

Ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, саломатии бардавом ва дар фаъолияти касбиатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Гурҷистон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо аз номи мардуми гурҷӣ ва шахсан аз номи худам ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Гурҷистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегуям.

Аз соли 1994 то ба имрӯз равобити Гурҷистону Тоҷикистон босамар густариш меёбанд. Итминон дорам, ки мо барои рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии Гурҷистону Тоҷикистон ба хотири шукуфоии мардумонамон дар оянда низ қадамҳои муҳим хоҳем гузошт. 

Ҷаноби Олӣ, бо арзи эҳтироми амиқ, ба Шумо дар фаъолияти пурмасъулатон дар ҷодаи хидмат ба мардуми кишваратон муваффақиятҳо ва ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу шукуфоӣ орзу дорам».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram