РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 180 миллион сомонӣ расид

Маҷмуи маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар шаш моҳи соли равон ба 180,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 116,3 % ё 25,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 3 субъекти нав сабт шуд, ки дар натиҷа шумораи онҳо ба 37 адад расида, 21 адади он фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва савдо дорад.

Маҳсулоти дар субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсолшаванда ба Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Озорбойҷон ва Туркия содирот мегардад.

Дар айни замон дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ бунёди корхонаи истеҳсоли электромотороллер идома дорад. Ин навъи техника, ки имрӯз дар бозор серхаридор аст, бо истифода аз металли корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мешавад.

Барои истеҳсоли чунин техникаҳо муҳаррик ва таҷҳизоти нерудиҳанда аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram