Дар шаш моҳи аввали дар қаламрави кишвар 251 корхонаи нави саноатӣ бо 1714 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,6 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 11,5 фоизро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Рушди соҳаи саноат аз ҳисоби 21,4 фоиз афзудани саноати истихроҷ, 11 фоиз саноати коркард ва 1,6 баробар зиёд шудани соҳаи таъминоти об ва коркарди партовҳо таъмин гардидааст.Истеҳсоли неруи барқ дар моҳҳои январ — июни соли 2024-ум 10,4 млрд. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм бинобар сабабӣ камобӣ ва таҷдиди баъзе иқтидорҳои энергетикӣ 393,4 млн. кВт. соат ё 3,7 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, вусъати кишту кор ва истифодаи самараноки заминҳо дар соҳаи кишоварзӣ як силсила тадбирҳои дахлдор амалӣ гардиданд.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 21,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 9,6 фоиз зиёд шуд. Маҷмўи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 88 адад (53 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи
қарзӣ ва 30 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 49,6 млрд. сомонӣ (4,7 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар таркиби маҷмўи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 33,6 млрд. сомонӣ (3,15 млрд. доллар) ё 68 фоиз, маблағҳои қарзӣ 14,5 млрд. сомонӣ (1,36 млрд. доллар) ё 29 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,43 млрд. сомонӣ (134,5 млн. доллар) ё 2,8 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 83,1 млн. сомонӣ (7,8 млн.
доллар) ё 0,2 фоизро ташкил медиҳад