РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкории Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии СҲИ баррасӣ шуд

Ҳамкории Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ зимни мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо Роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Саад Хон дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Оосрхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба фаъолияти гуногунҷабҳаи муассиса, аз ҷумла корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, экспозитсионӣ-намоишӣ, бостоншиносӣ, фондӣ ва баргузории машғулияти байналмилалии соҳавӣ маълумот дод.

Роҳбари Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир ба таърихи таъсис ва фаъолияти ин муассисаи фарҳангӣ ибрози назар намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба ташкили машғулияти илмӣ-омӯзишӣ, баргузории намоишҳои гуногуни байналмилалӣ ва вохӯрии роҳбарони осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар фурсати барояшон муносиб изҳори назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram