Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» баргузор гардид.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт дар Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» бо навъҳои гуногуни нонҳо, таомҳои миллӣ, инчунин тарзи омода намудану манфиати онҳо шинос шуданд.
Дар фестивалу озмун кадбонуҳои чирадасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни нонҳои омоданамуда ва таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошкичирӣ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯйи дигари хӯрокҳои мардуми тоҷикро ба намоиш гузоштанд.
Фестивал ва озмун бо мақсади амалисозии «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 ба тавсиб расидааст, доир мегардад.
Яке аз ҳадафҳои баргузории фестивал ва озмун- ин ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон ва муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.