Имрӯз, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба рушди ҳамкорӣ дар оянда, мубодилаи афкор ва таҷрибаи ҷавонони фаъол, инчунин дарёфти роҳҳои ҳали масъалаҳои калидии сиёсати ҷавонон мусоидат менамояд.
Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои форум ба тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ду давлат равона шудаанд.
Баргузории форум имконияти мусоид барои мубодилаи таҷриба, барқарор кардани тамосҳои нав ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак буда, дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон қадами муҳим мебошад.