РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо раиси вилояти Панҷоби Покистон мулқот кард

18 августи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода бо раиси вилояти Панҷоб Сардор Салим Ҳайдар Хон дар шаҳри Лаҳор баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва маориф мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Раиси вилоят омодагии  худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳо иброз намуд.

Мулоқот дар фазои самимият ва ҳусни эҳтироми тарафайн баргузор гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram