РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон мулоқот карданд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Баллаева Аида Галимовна мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Қазоқистон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳои аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда, боз ҳам бештар тавсеа меёбад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram