Дар вилояти Хатлон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад, ки имрӯз довталабон аз рӯйи кӯдакону наврасон иштирок намуда истодаанд.
Имрӯз иштирокчиёни озмун аз ниҳояҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ маҳорат ва истеъдоди худро ба ҳакамон пешниҳод карданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зимни суҳбат бо иштирокчиёни озмун ва ҳайати ҳакамон аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон доштани силсилаозмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳо баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, шинохти асли хеш ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат аст.
Ба иштирокчиёни озмун тавсия дода шуд, ки бо истифода аз фурсати муносиб бештару беҳтар хонанд, аз навигариҳои илмҳои муосир огаҳ бошанд ва барои забономӯзӣ кӯшиш намоянд.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ то 25 август идома меёбад.
Ҳабибулло Урунбоев,
Радиои “Фарҳанг”