22 августи соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) доктор Асад Маҷид Хон вохӯрӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафир ба Дабири кулли навтаъйини СҲИ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат ба рушди фаъолиятҳои СҲИ изҳор кард.