РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тавзеҳот ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад.

Озмун бо мақсади муайян намудани беҳтарин осори илмӣ ва илмию оммавӣ ва бо ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти касбияти муҳаққиқон ва олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ равона гардидааст.

Озмун дар 3 номинатсия баргузор мегардад:

— беҳтарин китоби илмӣ;

— беҳтарин мақолаи илмӣ;

— беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ.

Барои ҳар як номинатсия ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян карда шудааст.

Озмун дар як давр баргузор мегардад.

Довталабоне, ки дорои осори илмӣ ва илмию оммавӣ мебошанд, метавонанд маводи худро ба Комиссияи озмун то 1 ноябри соли 2024 пешниҳод намоянд.

Маводи пешниҳодгардидаи иштирокдорон бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

— мазмун ва моҳияти китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ аз нигоҳи илмӣ ва таҳлилӣ мукаммал бошад;

— китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намояд, инчунин фарогири масоили вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

— барои такмил ва рушди илми ҳуқуқ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд;

— ба татбиқи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда бошад.

Барои ғолибони Озмун Ҷоизаҳои зерин муқаррар шудааст:

Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин китоби илмӣ:

— ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;

— ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;

— ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.

Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмӣ:

— ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;

— ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;

— ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.

Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ:

— ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;

— ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;

— ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram