РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Дӯстӣ ба оилаҳои ниёзманд ва ятим 10 хонаи истиқоматӣ тақдим гардид

Дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Ҷилликули ноҳияи Дӯстӣ ба оилаҳои ниёзманд ва ятим 10 хонаи истиқоматӣ тақдим гардид. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ва соли 2024 ба анҷом расиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёни хонаҳо, бунгоҳи тиббӣ ва чойхонаи фароғатӣ дар ин мавзеъ, дар маҷмуъ 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Ҳамчунин дар деҳаи Ваҳдати ноҳия дар назди Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 48 синфхонаи иловагӣ ифтитоҳ гардид. Тибқи лоиҳа, иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои 4 синфхона ва китобхона мебошад.

Инчунин ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин деҳа  бунгоҳи тиббии дорои 3 утоқи корӣ сохта, ба итифода дода шуд.

Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 4 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram