РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба бунёди бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд санги асос гузошта шуд

5 сентябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд санги асос гузошта шуд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонии бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон ширкат варзиданд.

Зимни суханрониҳо қайд карда шуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар вилоят 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода хоҳад шуд. Бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд низ иншооти ҷашнӣ буда, бо бунёду мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.

Фармоишгари иншоот Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмони Истиқлол» мебошад.

Бино аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш, ошхона ва ғайра ҷойгир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар самти ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дарёфти шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле нақши муҳим дорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram