Дар доираи дуюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» баргузории Питчинг рӯнамоии байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд.
Бо мақсади рушди филмбардории муштарак, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи синамо, муаррифии лоиҳаҳои нав, ҷустуҷӯйи ғояҳои баланд барои пешрати синамо, ошноӣ бо продюсерон, коргардонҳо Питчинг-рӯнамоии байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ доир мегардад. Питчинг ба синамогарони ҷавону болаёқат имконият фароҳам меорад, ки орзуҳои деринаи хешро амалӣ намоянд.
Ба Питчинг продюсерон, коргардонҳо ва иттиҳодияҳои эҷодии кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик даъват мегарданд.
Лоиҳаҳои синамоии филмноманависон ва коргардонҳои хориҷӣ низ дар Питчинги байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ин замина, синамогарони тоҷик имкон доранд, ки бо ҳамтоёни хориҷии худ робита барқарор намоянд ва лоиҳаи синамоиашон дар рӯйи пардаи синамо ҷилвагар гардад.
Шурои экспертии байналмилалӣ лоиҳаҳои синамоиро баҳогузорӣ менамоянд.
Филмноманависон, коргардонҳо ва иттиҳодияҳои эҷодии Тоҷикистон метавонанд лоиҳаҳои синамои хешро ба Питчинги байналмилалӣ пешкаш созанд.
Лоиҳаҳои синамоӣ то 30-юми сентябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” (кӯчаи Беҳзод, 25) ё тавассути почтаи электронии tajikfilm@gmail.com қабул карда мешаванд.