РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Истиқлоли зеҳнӣ нахустзаминаи истиқлоли миллӣ

(мулоҳизоте куллӣ дар ҳошияи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ)

Ба даст овардани истиқлолу озодӣ дар ҳар самту сӯйе баёнгари қудрат ва тавоноии миллат ва мардум аст. Бахусус, даст ёфтан ба истиқлоли зеҳнӣ сатҳи баланди расоӣ ва балоғати насли инсонӣ дар таърихи башарӣ ба шумор рафта, он ба унвони пешзаминаи низоми муваффақи демократӣ ва дунявӣ шинохта шудааст. Гузашта аз ин, ҳар миллате, ки дар доираи тавонмандиҳои фикрию ҷисмонӣ ва қудрати равонию иҷтимоии худ ба дараҷаи истиқлоли зеҳнӣ расидааст, дар партави рушди фикрӣ озодию истиқлоли сиёсию давлатӣ ба даст оварда, дар қатори миллатҳои қудратманду мутамаддини ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки истиқлоли зеҳнӣ заминаи истиқлоли сиёсию миллӣ мебошад ва миллат, пеш аз ҳама, бо сатҳу сифати истиқлоли зеҳнӣ миёни қавмияту миллиятҳои олам эътибору эҳтиром меёбад, эътироф мешавад ва дар миқёси байналхалқӣ ҷойгоҳу мақом пайдо менамояд.

Аз тарафи дигар, барои ба даст овардани истиқлоли зеҳнӣ миллатро дар баробари таҳоҷумоту экспансияи сиёсию мафкуравӣ ва ақидатию идеологии берунӣ, ҳамчунин монеаҳои зиёде, ки дар қолаби костиҳо, уқдаҳо, стереотипҳо (қолибҳои шахшудаи ахлоқию иҷтимоӣ) ва мушкилоти фикрӣ, ахлоқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, ойинӣ, суннатӣ, динӣ ва мазҳабӣ зуҳур мекунанд, дунболагирӣ менамоянд. Муҳимтар аз ҳама, шинохту ташхис-диагностикаи костиҳою мушкилоти мавҷуда, ки бештаринашон ба зеҳн ва ҳувияти миллат таъсири манфӣ расонида, боиси зуҳури нохудогоҳию беҳувиятӣ, шикасти рӯҳияи миллӣ, пойин рафтани масуният-иммунитети зеҳнию фарҳангӣ, суст шудани қобилияти худбаҳодиҳию худкифоӣ ва истиқлоли фикрӣ мегарданд, талаботи имрӯзӣ ва амри зарурӣ аст. Ба ин далел, шинохти мушкилот ва монеаҳое, ки миллатро аз масири рушди зеҳнию фикрӣ боздошта, ба манқурт, машина ва роботи иҷтимоӣ табдил медиҳанд, вазифаи аввалиндараҷаи қишри солимақл ва афроди баномуси миллат ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба зарурати ба даст овардани истиқлоли зеҳнӣ ва дар ин замина ба сатҳи зарурии фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию маданӣ расонидани миллат чанд нуктаро ихтисоран баён медорем:

Якум. Барои равшан шудани мақсад, дар ибтидо, ба шарҳу тавзеҳи мухтасари мафҳум ва вожаи истиқлоли мепардозем. “Истиқлол” вожаи арабӣ буда, ба маъниҳои “бардоштан ва баланд кардан”, “баланд баромадан”, “ба ҷойи баланд омадан”, “озодӣ доштан”, “ба озодӣ коре кардан”, “бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан” (ниг.: Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. –Ҷилди аввал. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. –С.176); “дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан”, “доштани ҳақ ё тавоноии тасмимгирӣ дар идораи корҳо”, “мустақил будан” (ниг.: Анварӣ Ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ. –Теҳрон: Сухан, 1383. –С.55); “озодӣ ва худмухтории кишвар” (ниг.: Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Ал-мунҷид-ул-абҷадӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. –Теҳрон: Фарҳон, 1379. –С.81) далолат мекунад, ки ҳамагӣ дар маънию мазмуни “озодӣ дар андешаву баён, истиқлол дар кору умур ва идораи кишвар” сарҷамъ мешаванд. Озодӣ ва ихтиёр дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба истиқлолияти зеҳнии миллат ва халқ бастагӣ дорад.

Дувум. Истиқлолияти зеҳнӣ бо огоҳӣ ва масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ вобаста буда, масъулият пояҳои истиқлолиятро дар ҳар шаклу мазмуне ва самту сӯйе мустаҳкам мекунад. Мазмуни истиқлоли фардӣ ва ҷамъӣ дар саъю талошҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, фикрӣ, эҷодӣ, сиёсӣ ва маданӣ, ҳамкории беғаразонаи табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, баҳамоӣ, ҳамбастагӣ ва дар маҷмуъ, ҳамшарикӣ дар ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Шароити масъулиятшиносӣ ва пурсишу посухгариро дар баробари худ ва ҷомеа истиқлолияти зеҳнӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, масъулиятшиносӣ, масъулиятпазирӣ, пурсишгарӣ, посухгӯйӣ ва хирадмандӣ маҳз дар шароити корсоз будани дастгоҳи истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва мунтаҳо, давлатӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки дар ҳамаи давру замон бар асоси муҳити озоду мустақил ҷомеаҳо рушд мекунанд ва танҳо дар натиҷаи дарёфту касби истиқлоли зеҳнӣ ҳаллу фасли саривақтии мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва равонӣ имконпазир мегарданд.

Нозим Нурзода — корманди АМИТ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram