Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басе сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Чунин нигоштааст муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар мақолаи худ, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
— Истиқлолияти давлатӣ падидаи сиёсӣ дар таърихи навини халқи тоҷик маҳсуб шуда, оғози эҳёи нави ин миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои аҷдодӣ ба шумор меравад. Иҷлосияи дувуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990, новобаста аз вазъияти пурпечутоби сиёсӣ, фалаҷшавии ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Эъломияи Истиқлолият санади муҳим, тақдирсоз ва нахустин ҳуҷҷат дар масири истиқлолияти комили давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо раъйи вакилони халқ расмият пайдо намуд.
Ба ҳуҷҷати расмии давлатӣ истилоҳоти таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, демократия, низоми бисёрҳизбӣ, гуногунандешӣ ва амсоли инҳо ворид шуд ва он дар баробари эътирофи авлавияти эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик, анъанаву суннатҳои таърихии он баробарҳуқуқии тамоми миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ ва рушди озоди миллию фарҳангии онро кафолат дод.
9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) қарори алоқаманд «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»–ро қабул намуда, матни Изҳороти Шурои Олиро «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон« маъқул донист, ки дар он чунин баён гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Қабул шудани ин ду санади таърихӣ ба таври ҳатмӣ зарурати такмили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекард. Бо дарки ин амри воқеӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 августи соли 1990 қарори алоҳида қабул намуд.
Тоҷикистон вобаста ба тағйиру иловаҳо, қабл аз ҳама, давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон гардида, ҳама гуна нуқоти вобастагӣ аз Иттиҳод ва дигар ҷумҳуриҳоро аз байн бардошт.
9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва дар натиҷа Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмият пайдо кард, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ хусусияти баргаштнопазир дорад.
Таърих собит намудааст, ки давоми беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем.
Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатӣ баён доштанд: «Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва давлати маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд».
Инак, 33 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян ва бо муваффақият амалӣ намуда, ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорад.
Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуд, мамлакати мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Бе муҳобот Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги мамлакат барои тақвияти пояҳои давлатдории навин бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.
Зеро ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи давлат ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некӯаҳволии сокинон ба шумор мераванд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ рамзҳои муқаддаси давлат- Конститутсия, Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат ба танзим дароварда шуданд.
Бо гузашти айём бо итминони комил гуфтан ҷоиз аст, ки Конститутсияи мо, ки ҳамчун шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид, барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардид. Он дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад.
Маҳз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парламенти мустақил ва парламентаризми воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. Зеро ба шарофати ислоҳоти сиёсӣ аввалин бор дар таърихи давлатдории мо унсури асосӣ, яъне таҷзияи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи Конститутсия эътироф гардид. Ҳамзамон дар ин давраи таърихӣ Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, асъори миллӣ ба муомилот баромад.
Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол- ин расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят намуда, ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аз як тараф, мояи ифтихори миллии тоҷикон бошанд, аз тарафи дигар, муҳофизат кардани иқтидор ва пойдору мустаҳкам намудани ин дастовардҳои бебаҳо бар дӯши ҳар шаҳрванди мамлакат масъулияти бузургро вогузор менамояд.
Истиқлолият ҳамчун раванди таърихию иҷтимоӣ ва сиёсӣ хусусияти давомдор дорад. Соҳибистиқлол гаштан- ин марҳилаи аввали расидан ба мақсади худсозӣ буда, тавассути ҳамгироии зичи ҷомеа, талошҳои созанда, руҳияи истиқлолхоҳӣ ба даст омада, тақозо менамояд, ки ҳамчун арзиши тағйирнопазир ва рушдёбанда ҳифз карда шавад.
Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо қудрати роҳнамоӣ ва роҳбарии шахсиятҳои нотакрор соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ густариш ёфтаву пойдору таҳким мегарданд.
Таҳлили раванди соҳибистиқлолии давлати мо ва таҷрибаи иҷтимоию сиёсӣ нишон медиҳад, ки дар ташаккули низоми нави давлатдорӣ дар Тоҷикистони ҷавон, ки аз Иҷлосиияи ХV1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахс дар марҳилаи ҳассосу тақдирсоз собит гардид. Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллат маҳз дар ҳамин нуқта таҷассум ёфтааст, ки тавонист роҳбари наҷотбахшро ба халқи Тоҷикистон эҳдо намояд. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди давлати миллӣ ва густариши истиқлолияту озодӣ басе бузург аст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ, новобаста аз пайомадҳои манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бо маром рушд намуданд.
Ҳадафҳои стратегии имрӯзаи миллӣ, ки таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба давлати транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноати кунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро пешбинӣ менамояд, бори дигар собит месозанд, ки Пешвои миллат дар модели давлатсозии мо ҳадафҳоро аз рӯйи бартарияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муайян менамоянд.
Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар ин марҳалаи таърихӣ барои амалинамоии ҳадафҳои болозикр бо қабулу мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ тадриҷан тадбирҳои заруриву саривақтиро рӯи кор меоранд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум дар соли 2023 ба 21,1 фоиз расонида шудааст, яъне то 62 банди фоизӣ паст карда шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ ва танзим гардидани фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият пайдо гардид, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Аз ҷумла, дар замони соҳибистиқлолӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло он, ки тибқи оморҳои расмӣ, дар 70 соли замони шуравӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардидааст.
Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 26 соли охир 2959 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд гардида, шумораи он ба 5248 адад расидааст.
Бо саъю кӯшишҳои нотакрори Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар мамлакат беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад. Ҳол он ки дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт.
Бо шарофати истиқлолият ва файзи сиёсати бобарору хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо созмону шарикони бонуфузи байналмилалӣ бомуваффақият ба роҳ мондааст.
Боиси сарбаландии мо, мардуми тамаддунофари тоҷик аст, ки ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Хушбахтона, вазъи муътадили сиёсӣ, дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ имкон дод, ки Тоҷикистон мизбони на танҳо ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба об ва дигар масоили глобалии сайёра, ҳамзамон мизбони чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба намудҳои алоҳидаи варзиш, аз ҷумла, нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардад.
Имрӯз бо шарофату нусрати Истиқлоли давлатӣ, тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ парчами миллии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва бахусус мусобиқаҳои варзишӣ ҳамчун инъикоскунандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон мебошад.
5 июли имсол бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷин Пин мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави Парлумони мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳим ва хотирмони замони соҳибистиқлолӣ ба шумор мераванд, ки дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.
Ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвару сулҳхоҳи тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Хуршеди Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 сол аст, ки хонаи ҳар тоҷику тоҷикистониро рӯшноӣ бахшида, фазои амнияту осоиштагиро фароҳам сохтааст.